۱۳۸۸ شهریور ۲۱, شنبه

"Чойгохи Масьуд дар чомеаи Точикистон"

Рузи 9-уми сентябр барои миллати точик ёдовари ду руйдоди мухим дар таьрихи муосир аст.Яке ширин ва дигаре талх.Ширин ва баёдмондани ба чихати эьлони Истиклоли Точикистон дар соли 1991 аст,аммо талху боварнакардани терори сипахсолори сутург Ахмадшохи Масьуд мебошад,ки пас аз 10 соли эьломи истиклоли Точикистон дакикан дар чунин руз ба вукуь пайваст.Ин мучохиди бузург ва Кахрамони Миллии Афгонистон ба далели мансубияташ ба кавми точик,муборизоти далерона ва хастагинопазир бар зидди тачовузи Шурави ва режими Толибон,кумаки бародарона ба мухочирини точик дар таи солхои 1992-1997 ва бахусус сахми босазояш дар Сулхи точикон ,аз чойгох ва махбубияти волое дар чомеаи Точикистон бархурдор аст.Дар ситоиши у садхо макола,тахкик,шеьр ва даххо китоб аз суи ахли калами точик ба чоп расидааст ва хануз хам бо гузашти солхо аз шаходати Масьуди кабир аз у мегуянду менависанд....Устод Муьмин Каноат-шоири тавонои точик хануз дар замони хаёти Ахмадшох Масьуд достони хамосии "Масьуднома"-ро иншо карда буд.Ин устоди сухан дар як мусохиба бо нашрияи "Чумхурият" дар тобистони соли 2007 гуфта буд,ки "Масьуднома" охирин ва нуктаи авчи эчодиаш аст.Яьне "Масьуднома " хосили камоли эчодии Устод Каноат аст ва ин нишон аз арче аст,ки ишон ба унвони саромади адибони точик ва мухити адабии Точикистон ба Ахмадшох Масьуд гузоштаву мегузоранд. Рузноманигори шинохта Бобочони Шафеь,ки нахустин мусохиба бо Масьудро дар соли 1991 анчом дода буд ба тозаги дар нашриаяи "Нигох" нигоштаи самимонае тахти унвони "Шери Панчшер:Ошик,Пешво,Шахид"ба дасти чоп дода, аз чумла бо хасрат навиштааст:-"Замоне,ки дар Точикистон сохибватанон бошукухтарин идашон -Рузи Истиклолро чашн мегирифтанд,бехтарини онхо Ахмадшохи Масьуд ночавонмардона кушта шуд..." Бехрузи Забехулло- дусти шоирам дар хамон аёми шаходати ин абармард бо дили хазин ва хотири ошуфта гуфта буд:- Ту рафтиву марди сияхпуш шуд Шахомат зи нав хонабардуш шуд.Оре огохон ва сохибназарон дар Точикистон ба шахсияти шахид Масьуд ба унвони рамзи Марди ва Шахомат нигириставу менигаранд ва рафтани уро чун намоди аз байн рафтан ва костани ин хислатхои башари ва худододи дар миёни хамзамонон медонанд....(идома дорад)

هیچ نظری موجود نیست:

ارسال یک نظر