۱۳۸۸ مهر ۷, سه‌شنبه

"Чойгохи Масьуд дар чомеаи Точикистон"

Дар умум 3 навьи нигох ба шахсияти Ахмадшох Масьуд дар чомеаи Точикистон вучуд дорад.
1- Эхсосоти ва мардуми
2-Миллатдустона ва ормонгароёна
3-Сиёси ва расми
Албатта хамаи ин нигоххо ба далели чаззобияти хос ва гайрикобили тавсифи шахид Масьуд ба хамдигар пайванд доранд,амо дар айни хол дорои тафовутхое низ мебошанд.Решаи ингуна нигоххо аз таьрих ва ормони миллат об мехурад.Миллате,ки дар кухангузашта сохиби давлатдори ва тамаддуни воло буда ва беш аз хазор сол барои аз даст додани ин давлаттори ки хамоно салтанати Сомониён будааст хасрат хурда ва хар навь кушиши бузургонаш барои эхёи тамаддун ва азамати гузашта тавассути бегонагон ва бегонапрастон саркуб шудааст.Инак дар поёни хазораи дувум ва огози хазораи нав миллати точик дубора фурсату имкони эхё ва бозгашт ба асолати хешро пайдо кардааст. Дар ин раванд накши шахсиятхои барчаста амсоли Ахмадшох Масьуд,ки муборизоти милли-мазхабияш намоде аз ормонхохи ва истиклолталабии мардуми точик аст,босазо ва намунаи ибрат каламдод мешавад.Ногуфта намонад мо вакте "мардуми точик" мегуем хамаи точикзабонони минтакаро дар назар дорем,ки бар асари чаври таьрих ва "табартаксим"-хо акнун теьдоде зиёдашон дар хорич аз Точикистони кунуни ба сар мебаранд.
Ин гуфта маьруф аст,ки таьрихи миллатхоро шахсиятхо месозанд.Милаттхо хам дар хофизаи таьрихии худ шахсиятхоеро чой медиханд ва ба онхо арч мениханд,ки ба хотири мукаддасоте чун дин, миллат,механ,ормон ва арзишхои башари кахрамонона (гохе бо камон ва гохе бо каламу калом) мубориза ва азхудгузаштаги мекунанд .Аз чумлаи ингуна шахсиятхои мубориз дар миёни мардуми форсу точик Рустам,Сиёвуш,Амир Исмоили Сомони,Имом Абуханифа , Темурмалик, Ахмади Дониш ва Садруддин Айни будаанд.Агарчи зиндаги ва кору пайкори кахрамонони ин миллат,кабл аз ислом ба зохир афсона ва хатто гохо игрокомез пиндошта мешавад,аммо пас аз ислом ин накш вокеитар ва боварпазиртару таьсиргузортар чилвагар мешавад.Ахмадшох Масьуд дар идомаи силсилаи ёдшуда какрор дорад ва бидуни шак дорои як чойгохи намоён дар таьрихи миллати точик аст.У хислатхое миллатсозе амсоли часорату родмардии Рустам,тадбиру хиради Амир Исмоил,таквои Абуханифа,муковимати Темурмалик,фарохнигарии Дониш ва дилсузии Айниро ба мерос бурад буд.Аз ин руст,ки ба кавли Рустами Ваххоб-шоири точик "ба танхои худ як миллат буд!"

۱۳۸۸ شهریور ۲۱, شنبه

"Чойгохи Масьуд дар чомеаи Точикистон"

Рузи 9-уми сентябр барои миллати точик ёдовари ду руйдоди мухим дар таьрихи муосир аст.Яке ширин ва дигаре талх.Ширин ва баёдмондани ба чихати эьлони Истиклоли Точикистон дар соли 1991 аст,аммо талху боварнакардани терори сипахсолори сутург Ахмадшохи Масьуд мебошад,ки пас аз 10 соли эьломи истиклоли Точикистон дакикан дар чунин руз ба вукуь пайваст.Ин мучохиди бузург ва Кахрамони Миллии Афгонистон ба далели мансубияташ ба кавми точик,муборизоти далерона ва хастагинопазир бар зидди тачовузи Шурави ва режими Толибон,кумаки бародарона ба мухочирини точик дар таи солхои 1992-1997 ва бахусус сахми босазояш дар Сулхи точикон ,аз чойгох ва махбубияти волое дар чомеаи Точикистон бархурдор аст.Дар ситоиши у садхо макола,тахкик,шеьр ва даххо китоб аз суи ахли калами точик ба чоп расидааст ва хануз хам бо гузашти солхо аз шаходати Масьуди кабир аз у мегуянду менависанд....Устод Муьмин Каноат-шоири тавонои точик хануз дар замони хаёти Ахмадшох Масьуд достони хамосии "Масьуднома"-ро иншо карда буд.Ин устоди сухан дар як мусохиба бо нашрияи "Чумхурият" дар тобистони соли 2007 гуфта буд,ки "Масьуднома" охирин ва нуктаи авчи эчодиаш аст.Яьне "Масьуднома " хосили камоли эчодии Устод Каноат аст ва ин нишон аз арче аст,ки ишон ба унвони саромади адибони точик ва мухити адабии Точикистон ба Ахмадшох Масьуд гузоштаву мегузоранд. Рузноманигори шинохта Бобочони Шафеь,ки нахустин мусохиба бо Масьудро дар соли 1991 анчом дода буд ба тозаги дар нашриаяи "Нигох" нигоштаи самимонае тахти унвони "Шери Панчшер:Ошик,Пешво,Шахид"ба дасти чоп дода, аз чумла бо хасрат навиштааст:-"Замоне,ки дар Точикистон сохибватанон бошукухтарин идашон -Рузи Истиклолро чашн мегирифтанд,бехтарини онхо Ахмадшохи Масьуд ночавонмардона кушта шуд..." Бехрузи Забехулло- дусти шоирам дар хамон аёми шаходати ин абармард бо дили хазин ва хотири ошуфта гуфта буд:- Ту рафтиву марди сияхпуш шуд Шахомат зи нав хонабардуш шуд.Оре огохон ва сохибназарон дар Точикистон ба шахсияти шахид Масьуд ба унвони рамзи Марди ва Шахомат нигириставу менигаранд ва рафтани уро чун намоди аз байн рафтан ва костани ин хислатхои башари ва худододи дар миёни хамзамонон медонанд....(идома дорад)

Ёдбуди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе



11.09.2009
Хуршеди Ҳамдам
Сафорати Афғонистон дар Душанбе бо баргузории маросиме аз солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи Эътилофи Шимоли Афғонистон, таҷлил кард.Масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳадаф аз баргузории маросими ёдбуди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, сарлашкари фақид афғонистонӣ дар Тоҷикистонро гиромидошти хотираи шахе унвон карданд, ки умре барои озодии меҳан ва истиқлоли воқеии мардуми кишвари худ мубориза бурдааст. Ҷалолиддини Маҳмуд, аз чеҳраҳои саршиноси Иттиҳоди мухолифони пешини давлати Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки Аҳмадшоҳ Масъуд на танҳо бо ҷасорату мардонагӣ ва таҳамтанӣ дар Тоҷикистон машҳур аст, балки сулҳи тоҷикон ба номи ин абармарди роҳи озодӣ ва истиқлол марбут аст.
Шаҳид Масъуд аз нахустин нафаронест, ки хостори сулҳ миёни тоҷикон шуда, ду ҷониби даргирро барои аввалин бор дар соли 1994 дар Хусдеҳи Афғонистон сари мизи музокирот даъват кард ва бади-ин васила заминаи истиқрори сулҳи тоҷиконро фароҳам намуд ...Вай гуфт, шаҳид Масъуд аз нахустин нафаронест, ки дар баробари Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон, хостори сулҳ миёни тоҷикон шуда, ду ҷониби даргирро барои аввалин бор дар соли 1994 дар Хусдеҳи Афғонистон сари мизи музокирот даъват намуда, бад-ин васила заминаи истиқрори сулҳи тоҷиконро дар соли 1997, ки миёни мухолифин ва ҳукумат дар Маскав ба имзо расид, фароҳам кард.Косими Бегмуҳаммад, коршиноси масоили амниятӣ, дар ҳоле, ки шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъудро барои тоҷикони Афғонистон ва Тоҷикистон фоҷеаи бузург медонад, ҳамзамон мегӯяд, «имруз ҷойгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дар сартосари Афғонистон ва дар Тоҷикистон холист. Мутаасифона, чунин шахсияте, ки тавонад аз тоҷикон дифоъ кунад вуҷуд надорад ва гумон аст, ки дар садсолаҳои баъдӣ фарде ҷойгузини ӯ шавад». Аммо изҳори таассуфи Косимшоҳи Искандар, раиси Маркази мутолеоти низоъҳои мантақаӣ дар Тоҷикистон, аз он аст, ки пас аз сари Аҳмадшоҳи Масъуд афроди наздик ба ӯ ва дар маҷмӯъ тоҷикон дар Афғонистон пароканда шуданд. Вай мегӯяд, «Аҳмадшоҳи Масъуд як шахсияти меҳварӣ буд, аммо баъд аз сари ӯ парокандагиҳои зиёде дар миёни атрофинаш ба вуҷуд ома. Ҳатто ҳизби Бурҳониддини Раббонӣ аз ҳам ҷудо шуд, тафриқа ва мухолифатҳое ба вуҷуд омад, ки баёнгари набуди Масъуд аст».
Марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон қаҳрамони миллӣ эълон шудаастИн дар ҳолест, ки ҳамакнун Мухаммадқосими Фаҳим ва Абдуллоҳи Абдулло, ду тан ёрони наздики Аҳмадшоҳи Масъуд дар мавзеъҳо ва сангарҳои мукобили сиқсӣ ҳарор гирифтаанд. Таҳаввулоти сиёсии Афғонистон, ба хусус интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ, низ далели он аст, ки доктор Абдулло дар талоши боло бурдани ҷойгоҳи тоҷикон дар Афғонистон аст, аммо чунин ба назар мерасад, ки маҳз парокандаии нерӯҳои собиқи Эътилофи шимоли Афғонистон ва набуди нерӯи қавӣ, дар симои Аҳмадшоҳи Масъуд монеъе дар амалӣ шудани ин ҳадаф аст.Зеро Аҳмадшоҳи Масъуд, аз сипаҳсолоронест, ки тавонист бо иродати қавӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ва низомӣ Иттиҳоди абарқудрати Шӯравиро шикаст бидиҳад. Истодагии ӯ дар муқобили гурӯҳи Толибон дар миёнаҳои даҳаи 1990, ки муваффақ ба тасарруфи бештари манотиқи Афғонистон, ба хусус Кобул шуда буд мавриди эътирофи бештари доираҳои сиёсӣ ва низомӣ шуда буд. Зеро вай аз тариқи таъсиси Эътилофи Шимол дар Панҷшери Афғонистон зарбаҳои сангинеро ба ин гурӯҳ ворид карда буд. Аммо 9 сентябри соли 2001 ду рӯзе кабл аз ҳодисаи 11-уми сентябр, ки оғозе дар муборизаи байнулмилали зидди терроризм унвон мешавад, Ахмадшоҳи Масъуд дар сӯйқасде ҳадафманд тавассути ду тан хабарнигори хориҷӣ ба қатл расид, ки гуфта мешавад дар миёни ин ду ҳодиса иртиботе вуҷуд дорад.

۱۳۸۸ شهریور ۲۰, جمعه

Хеч неьмат бех зи истиклол нест!

Ба номи Худованди покон ва озодагон ва дустдорони озодиву истиклол
Салому дуруд хузури дустон ва каламбадастони хамзабон.Торнамои "Пиндор" солгарди истиклоли Точикистони азизро ба хамаи зодагони ин марзу буми пурифтихор ва дустдорони он табрик мегуяд.